[Jonibek Murodov]
Дар зиндагӣ рафиқе,
Монанди якдигар нест.
Дар ёди давлати дӯст,
Аз душмане асар нест.
[Sardor Rahimxon]
Ёрон ба роҳи ёрӣ,
Ғолиб ба ҳар рақибанд.
Дар сези оламам нест,
То дӯстон қарибанд.
[Jonibek Murodov]
Дунё таронаи меҳр
Бо дӯстони ҳамдам.
Бо ашку хандаҳое
Дар рӯзи шодиву ғам.
[Sardor Rahimxon]
Аз ҷурму аз хатоҳо,
Вораста метавонам.
Хоҳи нахоҳӣ хакди,
Дар чашми дӯстонам.
[Sardor Rahimxon]
Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон,
Ҷони ҷаҳон дӯстон.
Бо садоқат, бо муҳаббат,
Беҳтар зи ҷон дӯстон.
[Jonibek Murodov]
Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон,
Ҷони ҷаҳон дӯстон.
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон.
[Sardor Rahimxon]
Қадри болои шумо,
Бардорад қадри маро.
Меҳратон гармӣ бахшад,
Дунёи даҳрӯзаро.
[Jonibek Murodov]
Сад дарду ранҷи олам,
Аз сар шавад гурезон.
То ҳамдами шумоям,
Эй дӯстон – азизон.
[Sardor Rahimxon]
Бо шумо бешу ками ман,
Ба ганҷи замона баробар.
Аз шумост рӯҳи равонам,
Шоду меҳрбахшу тавонгар.
[Jonibek Murodov]
Дастатон медиҳад даст,
Дасти сад боғу бӯстон.
Дар ҷавоб оҷизам ман,
Эй, меҳрубон дӯстон.
[Sardor Rahimxon]
Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон,
Ҷони ҷаҳон дӯстон.
Бо садоқат, бо муҳаббат,
Беҳтар зи ҷон дӯстон.
[Jonibek Murodov]
Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон,
Ҷони ҷаҳон дӯстон.
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон.
Доим баробари ман,
Ёру бародари ман,
Номи накӯят, эй дӯст,
Аз ширу шакари ман.
[Sardor Rahimxon]
Дар оламе, ки касро
Бо як дирам нагиранд.
Хуш бод ёди ёрон,
Каз баҳри ҳам бимиранд.
[Jonibek Murodov]
Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон,
Ҷони ҷаҳон дӯстон.
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон.
[Sardor Rahimxon]
Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон,
Ҷони ҷаҳон дӯстон.
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон.
Ushbu qo`shiq matni uchun Bayram O`serov (bayko)ga minnatdorchilik bildiramiz.
Qo'shiq haqida ma'lumot
- Klipmeyker:
- Albom:
- Yubordi:
- Sana:
- March 3, 2018